Маҷаллаи илмии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»
  • Асосӣ

Тамос бо мо

  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бофанда, 5/2, 734025
  • +992 (37) 221-39-01
  • info@imoge.tj
  •  
  •  
  •  
  •  

Маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология». ISSN: 2789-0953

Select your language

  • Тоҷикӣ TJ
  • Русский (Россия) RU
  • English (United Kingdom) EN
Маҷаллаи илмии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»
  • Асосӣ
  • Оид ба маҷалла
  • Мақолаҳо
  • Бойгонӣ
  • Эълон

Дар бораи маҷалла

  Бо мақсади татбиқи амалӣ, таҳлилу баррасии мавзуъҳои дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба об, иқлим ва экология тадқиқшаванда ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инъикоси натиҷаҳои илмии ходимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимони муҳаққиқони дигар идораву муассисаҳо, муаллифони мустақил ва инчунин, ҷиҳати тақвияти ҳамориҳо бо олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамолики хориҷи наздик соли 2005 Маҷаллаи минтақавии илмии «Захираҳои обии Осиёи Марказӣ» таъсис ва интишор ёфт. Вале, пас аз муддате маҷалла аз нашр боз монд.

   Дар заминаи нашрияи мазкур Институт ибтидои соли 2021 маҷаллаи комилан ҷадид – Маҷаллаи илмии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»-ро таъсис дода, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (№191-МҶ-97) ба қайд гирифт. Маҷаллаи мазкур аз се бахш – захираҳои обӣ, энергетика ва экология иборат буда, дар он натиҷаи нави корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расонида мешаванд. Маҷаллаи илмии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология» ягона нашрияи байнисоҳавӣ дар ин самт буда, бо даврияти дар як сол чаҳор шумора ба нашр мерасад.

  Эътимоднокии маводҳои дар маҷалла банашрасида ба зиммаи муаллиф (муаллифон) гузошта мешавад.

                  border: 12px  

ШОХИСҲОИ ИЛМӢ

Сармуҳаррир
ГУЛАҲМАДЗОДА АМИНҶОН АБДУҶАББОР

Доктори илмҳои техникӣ

Муовини сармуҳаррир
ҚУРБОНОВ НОМВАР БОЙНАЗАРОВИЧ

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Copyright © 2026 Маҷаллаи илмии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология». All Rights Reserved.
  •  
  •  
  •  
  •