Маълум гардид, ки миќдори марги муш (As) аз њадди нињоии иљозатдодашуда (ПДК) ба њисоби миёна 5,25 маротиба зиёд буда, ин метавонад бо интиќоли дурдасти атмосферии моддањои ифлоскунанда ва инчунин хусусиятњои табиии геохимиявии минтаќа вобаста бошад. Дар намунањои тањлилшуда миќдори TiO₂, MnO, Pb, Sr, Ni ва C аз меъёрњои муќарраршудаи ЊНИ ба таври назаррас паст буд. Њамзамон, дар намунаи №1 зиёдшавии ЊНИ ва нишондињандањои Кларк барои Co ва As ба ќайд гирифта шуд, дар њоле ки дар намунаи №2 зиёдшавии Кларк барои Zn ва Fe₂O₃ мушоњида гардид. Натиљањои бадастомада метавонанд њангоми арзёбии экологї ва муайян намудани њолати муњити зисти њудудњои баландкўњ мавриди истифода ќарор гиранд.

Калидвожаҳо: пиряхи Сурхоб, таркиби элементии хок, металлњои вазнин, консентратсияи њадди иљозатдодашуда (ПДК), тањлили рентгенофлуорессентии партовњои морена, аэрозол, Кларк.

Зеркашӣ: